Вазифаи мо — аз мунтазам беҳтар намудани ҳамкории истифодабарандагон, кӯмак расондан ба одамон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ иборат мебошад.

Аз соли 2013 сар карда, мо технологияҳои иноватсионии фармоиши сафарҳо, боркашонӣ, харид ва дастраскунӣ, ёрӣ дар роҳро таҳия карда истодаем, ки он хизматрасониро бениҳоят замонавӣ, дастрас ва бехатар менамояд.

Бо назародошти хусусият ва шаҳрҳои калон, ва шаҳрҳои музофотӣ, дар асоси хадамоти ягона мо ба истифодабарандагони гуногун имконияти муносибати ҳамдигарии самаранокро медиҳем. Фармоиши хизматрасонӣ — бо усули қулай. Иҷроиши фармоишҳо — бо оптимизатсияи ҷараёнҳои ҷустуҷӯи онҳо, бо камкунии роҳгардии холӣ ва бекористӣ.

Таърихи ширкат аз шаҳраки хурди уралии Шадринске, аз хадамоти хурди такси оғоз гардидааст. Ширкатро муҳандисони ҷавон аз Қурғон, — мутахассисон оиди автоматизатсиякунонии равандҳо ва истеҳсолоти технологӣ таъсис додаанд.

Таъсисдиҳандагон ҳамроҳ бо ронандагони даъватшуда дар автомобилҳои худ чун ронандаи такси кор карданд.

Онҳо мехостанд кор бо фармоишҳоро аз ҳад зиёд худкор (автоматӣ) намоянд ва хизматрасониро оммавӣ гардонанд.

Роҳи мунтазам такмил додани кори ширкат ба тақсимоти меҳнат оварда расонд. Ҳар як шахс бояд кори худро анҷом диҳад: бархе аз одамон — бояд марказҳои тамоси замонавӣ сохта, операторонро омӯзонанд, дуюмӣ — маҳсулотҳои барномавиро таҳия намуда, таъмини дастгирии техникиро ба роҳ монанд, сеюмӣ — мусофирон ва мусофиркашонро ҷалб намоянд, чорумӣ — бо мусофиркашонӣ машғул бошанд.

Ҳозир гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар якҷоягӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар шаш соли аввал дар 4 шаҳр кор ба роҳ монда шуд. Бизнес-равандоҳои самаранок бунёд карда шуда, анъанаҳои ҳамкории мутақоиблан судмандро ба вуҷуд оварданд, ки боиси тавсеаи минбаъдаи ширкат гардид. Ҳамин тариқ, соли 2009 мо зершӯъбаҳои ширкатро якбора дар 7 шаҳри нав кушодем, соли 2010 — дар 17 шаҳр, баъдан суръати тавсеаёбӣ то ба кушодашавии 22 ва зиёдтар шаҳр дар як сол расид. Дар соли 2020 ҷуғрофияи кори хадамот дар Русия зиёда аз 500 нуқтаҳои аҳолинишинро дарбар гирифт.

Дар ҳар як шаҳр мо рақобатро пурзӯр мегардонем, барои беҳбудии одамон ва иқтисодиёт кор мекунем.

Мо платформаи соҳавии рақамиро барои муносибати ҳамдигарии бевоситаи корбарон дар давоми якчанд сол то тренди умумиҷаҳонӣ офаридем. Ҳануз дар соли 2007 мо ронандагони ба хадамот пайвастшударо аз ратсияҳо ба кор бо фармоишҳо дар барномаи мобилӣ гузаронидем. Бо муносибати инноватсионии худ нисбати бурдани тиҷорат ва хоҳиши мутобиқат ба дархостҳои ивазшавандаи истифодабарандагон дар тағйирёбиҳ ва пайдошавии бозори муосири хизматрасониҳои нақлиётӣ фаъолона иштирок мекунем.

Мо аз он мефахрем, ки ба шарофати саъю кӯшишҳо ва таҷрибаи мо системаи барномавии пуриқтидор таҳия гардид, ки фаъолияти хизматрасониро таъмин намуда, барои идоракунии фасеҳи бизнес (корчаллонӣ) таҳлили аналитикро пешниҳод менамояд.

Миқдори зиёди фармоишҳоро, ки шабонарӯз тавассути телефон, сомонаи мо ва ба воситаи барномаи хадамоти «Максим» ворид мешаванд, калонтарин маркази тамоси махсус дар Федератсияи Россия қабул ва коркард мекунад. Он ҳамчунин ронандагон ва курйеронро, ки бо фармоишҳо тавассути барномаи Taxsee Driver кор мекунанд, хизмат мерасонад. Дар асоси талаботи мо системаи омӯзиши касбии операторон таҳия гардид.

Аз соли 2014, бо кушодани шӯъбаҳои хадамоти такси берун аз Федератсияи Русия дар кишварҳои хориҷи наздик ва дур корро оғоз кардем. Ширкати мо ба як ширкати миқёси байналмилалӣ дошта табдил гардид.

Мо кӯшиш намуд истодаем, ки бренди ҷаҳониро ба даст биёрем, то ки одамон ба шаҳрҳо ва кишварҳои гуногун сафар карда, дар ҳама ҷо аз хизматрасонии хадамоти «Максим» истифода бурда тавонанд.

Офаридани технология ва бизнес дар баробари пешсафони бозори ҷаҳонӣ ба мо писанд аст.

Вақти рафтан аст!